Файзализода Љумахон Хол доктори илмњои педагогї, профессор Таърихи менељмент ба дурињои дур ба ќаъри асрњо, њазорсолањои пеш аз эраи мо рафта мерасад. Њанўз дар Мисри Ќадим нишонањои илми идоракунї, аз љумла, банаќшагирї, ташкилу назорат, марказонидани равандњои идоракунї ташаккул ёфта буданд. Файласуфони Юнони Ќадим Суќрот, Афлотун ва Аристотел доир ба идоракунии давлат ва мулкњои ѓуломдорї андешањои пурќиммат баён намудаанд. Ба раванди ташаккули назарияи менељмент се омил таъсир расонидаанд: а) харобгардии роњњи рушди экстенсивї, б) тезутунд гардидани муборизањои раќобатпазир, в)фаъол гардидани љараёни љустуљуи болоравии самаранокии фаъолияти корхонањо аз њисоби захирањои дохилї. Дар натиљаи таъсири њамин омилњо ва ба вуљуд омадани тањкурсии илмї барои тадќиќот дар ибтидои асри ХХ дар Европа ва Америка асосњои менељмент поягузорї мешаванд. Барои пайдоиш ва инкишофи назарияи менељмент асарњои Макс Вебер (1864-1920) наќши бориз доранд. Дар асарњои «Таърихи хољагї» ва «Ахлоќи протестанї ва рўњи капитализма» Вебер сарчашмањои маънавии протестантизм ва таъсири он ба мењнатии истењсолоти капиталистї тањлил карда шудаанд. Ў чунин мешуморид, ки асоси корхонањои капиталистиро идеяи такмили раванди мењнатї ташкил мекунад. Вебер мафњуми «намуди амали идеалї»-ро љорї намуда, чор намуди зерини онро пешнињод кардааст: а) анъанавї; б) аффективї (пурњаяљон); в) арзишї- оќилона; г) бо маќсад. Вебер ба мафњуми ратсионалистї (такмилёфта) такя карда, ду намуди капиталистонро људо намудааст: иррахионалї (архаиестї, авантюристї, тољир) ва ратсионалї (сермањсул). Капиталисти типи ирратсионалї дар ибтидои сохти авлодї њангоми хољагии натуралї ва табодули мањсулоти нобаробар пайдо шуда буд. Фаъолияти чунин капиталист барои гирифтани фоида - пул аз њисоби хариду фурўш нигаронида шуда буд. Вале аз њисоби хариду фурўш дар бозор мањсулот зиёд ва љамъият бо чунин роњ сарватманд намегардид. Барои ба вуљуд омадани типи дуюм – ратсионализм, ислоњоти калисо имконият фароњам овард. Арзиши ратсионализм ин озодї, фардият, ки дар протестантизм њамчун мафњум ва ниёз бо озоди мазњабї ва имкони муоширати шахсї бо Худованд шинохта мешуд, баъдтар моњияти иљтимої пайдо намуда, ба фаъолияти мењнатию тарзи њаёти мардум интиќол ёфт. Барои ташаккул ва рушди менељмент асарњои ў наќши калон бозидаанд. Ў муддати 20 сол директори ширкати калонтарини металургии истихрољи маъдан буд. Туфайли осори худ «Маъмурияти умумї ва истењсолї» ва «Асосњои менељмент» ў самти менељменти илмии аврупоиро ривољу равнаќ дода, шўњрати беандоза пайдо кард. Файол аввалин муаллифи назарияи менељмент ба шумор меравад. Файол идоракуниро њамчун раванди дорои якчанд функсияњои бо њам алоќаманди зерин маънидод намудааст: банаќшагирї, ташкилот, маром ва назорат. Ў таъкид мекард, ки ширкат бояд наќшаи амал дошта бошад, ки ба зинањои зерин асос меёбад: - ба захирањои ширкат (маблаѓ, иморат, мањсулот, силсилаи фурўш, шўњрат ва ѓ.); - бањисобгирии њайат ва моњияти истењсолоти нотамом; - ба ѓояњои ояндае, ки аз шароитњои техникї, молиявї, тиљоратї ва дигар вобаста аст. Файол чањордањ принсипи идоракуниро муайян кардааст, ки то њанўз аз тарафи мутахассисон эътироф мегарданд: 1. Интизом, яъне итоат ва эњтиром ба созишнома байни ширкат ва кормандон. Интизом њамчунин шарти боадолатонаи муљозоти ќабулшуда мебошад. 2. Мукофотонидани њайат, аз љумла, маоши боадалатона. 3. Адолат: пайвасти мењрубонї ва ќарори одилона. 4. Рўњияи иттињодї, яъне мувофиќати њайат, муттањидии вай. 5. Тобеъ гардонидани манфиатњои шахсї ба умумї. Манфиатњои корманди алоњида ё гурўњ набояд аз манфиатњои ширкат болотар бошанд. 6. Таќсимоти мењнат, яъне тахассус. Маќсади он: дар як шароит иљрои кор, аз љињати њаљм калон ва аз љињати сифат бењтар. 7. Ваколат ва масъулият. Ваколат ин њуќуки додани фармон, масъулият бошад, баръакси он мебошад. 8. Яккасардорї. Корманд бояд танњо аз як нафар – роњбари бевоситаи худ супориш гирад. 9. Самти ягона. Њар як гурўњ, ки дар чорчўбаи як маќсад амал мекунад, бояд ба наќшаи ягона муттањид шуда, як роњбар дошта бошад. 10. Мутамарказият. Сухан дар бораи таносуб байни мутамарказият ва ѓайримарказият меравад. Ин масъала бо меъёре, ки икониятњои натиљаро бењтару хубтар таъмин менамояд, муайян карда мешавад. 11. Занљираи кўњпаймої. Ин як зумра шахсоне мебошанд, ки аз вазифањои роњбарї сар карда, яъне аз шахсоне, ки дар маќомоти олї фаъолият доранд, то роњбарони зинањои поёнї меистанд. 12. Тартибот. Љой – барои њама ва њама дар љои худ. 13. Љои кори устувор барои њайат. Љойивазкуни (азкорравї)-и зиёди кадрњо самаранокии ташкилотро коњиш медињад. 14. Ташаббус. Тањияи наќша ва таъмини иљроиши мувофаќонаи онро нишон медињад. Ин ба ташкилот ќувва ва љидду љањдя медињад. Тањќиќотњои ў тањаввулоти љамъиятиро ба вуљуд овард, ки минбаъд номи «менељменти илмї», ё мактаби «идоракунии илмї»-ро гирифт. Тейлор принсипи арзиш ва сарфаи оќилонаи мењнат, идоракунии истењсолотро ифода намуд. Тейлор амалиётњои мењнатиро омўхта, шаклњои бењтаргардонии онро дарёфт ва асоснок намуд. Ў аввалин маротиба барои муайян кардани меъёри ваќт имкони тањлили омориро истифода бурдааст. Мутобиќ ба идеяи таќсимоти мењнати љамъиятї Тейлор ба менељер функсияи банаќшагирї ва ба коргар бошад функсияи иљроишгарро вобаста гардонид. Барои ташкили истењсолоти илмї Тейлор се шарти зеринро пешнињод кардааст: 1. Шарти вобастагии хусусиятњои тафриќавї - гурўњбандии супоришњо барои ташкил намудани љойњои корї. Ба кормандон барои иљрои супоришњои истењсолї ва роњњои њалли он дастурњои хаттї дода мешавад. 2. Шарти тахассусї - асоснок кардани идея оид ба иљрои як вазифаи асосї на бештар аз он. 3. Шарти манфиатњои моддї. Аслан Тейлор консепсияи «одами иќтисодї»-ро пешнињод кардааст, ки ба принсипи манфиатњои моддї асос ёфтааст. Ў пешнињод намудааст, ки коргар набояд аз чизи истењсолкардааш зиёдтар маош гирад ва њавасманди бояд корбайъ њисоб карда шавад. Ањамияти осорњои Тейлор аз он иборат аст, ки ў аввалин шуда, вазифаи зиёд кардани мањсулоти истењсолиро на аз њисоби васеъ намудани истењсолот, балки ба воситаи баланд бардоштани маромњои мењнатї баррасї намудааст. Френсис аввалин шуда, дар ШМА мутаасил тайёр кардани инструкторонро тибќи ташкили илмии мењнат ба роњ монд. Ў ташаббускори комитети «мубориза ба хастагї» дар Америка буда, назарияи дуруст интихоб кардани касбро инкишоф дод. Ба аќидаи ў моњияти ташкили илмии мењнат дар он ифода меёбад, ки њар кас он кореро кунад, ки њам аз љињати љисмонї ва њам равонї ба он мутобиќат дошта бошад. Лилиан яке аз аввалин шахсест, ки дар Америка унвони доктори илми психологияро соњиб гардидааст. Ў кори њамсари худро давом дода, имкониятњои илми психологияро дар раванди идоракуни фаъолона истифода бурдааст. Мувофиќи аќидаи ў идоракунии илмї рушди ахлоќии кормандон, њиссиёти масъулият, њиссиёти ифтихори касбї, мањорати худидоракунї, њиссиёти одилонаро таъмин менамояд. Комёбии идоракуниро ў бо психикаи одам алоќаманд дониста, мењнатро «мураббии бузург» номидааст. Ў низоми баландбардории истењсолотро тањия намуда, онро «низоми мувофиќи маќсад», вале ташкили ѓайриилмии мењнат номидааст. Ин низомро Эмерсон дар асари «Дувоздањ принсипњои мањсулнокї», ки ба ў шўњрати љањонї овардааст, ифода кардааст. Њамаи принсипњо, ба аќидаи муаллиф як маќсадро ифода мекунанд – барњам додани талафот (зарар). Яке аз онњо вобаста аст ба назорат - њамчун вазифаи муњими идоракунї. Ба аќидаи ў принсипи њавасмандгардонї танњо дар шакли пул додан мувофиќи маќсад нест. Кор бояд њаловат бахшад ва њамеша барои ба даст овардани маќсадњои муайян дар муњлати мушаххас нигаронида шуда, бе кўшишњои иловагї иљро шавад. Дар саромади мактаби «муносибатњои инсонї» психологи машњури олмонї-америкої Мюнстерберг ќарор дошт, ки ў аз асосгузорони илми психотехника мебошад. Мюнстерберг дар тањияи масъалаи коршоямии касбї, тањсилоти касбї, хастагии истењсолї, якрангї, љароњатёбї дар истењсолот, рекламаи тиљоратї ва ѓайрањо сањми арзанда гузоштааст. Махсусан наќши ў дар инкишофи самтњои интихоби касб ва људо кардани касбњо бенињоят калон аст. Ў дар тасвияти ду вазифаи коршоямии касбї афзалият дорад: 1) тањлили психологии касбњо ва дарёфти сифатњои муњими касбї; 2) психодиагностика - дар довталабон муќаррар намудани дараљаи ифодаёбии сифтњои муњими касбї бо ёрии тестњои мувофиќ. Мюнстерберг диќќати худро махсусан ба он равона кардааст, ки њамаи одамон наметавонанд ба таври амиќ ба ќобилияти худ бањо дињанд ва интихоби дурусти касб намоянд. Ў барномаи омўзиши психологии касбро тањия намудааст: а) мушоњидаи кори мутахассис-психологон; б) тањќиќи озмоишї, аз љумла омўзиши хусусиятњои махсуси фаъолияти кормандони пешќадам ва ќафомонда. Мюнстерберг зарурати ташкил намудани пажуњишгоњ ва лабараторияњои махсуси психотехникиро исроркорона таъкид кардааст, то ин ки ба пањншавии «воситањои ќаллобонаи мнимопсихологї (бардуруѓи психологї)» хотима дода шавад. Ў пешгўи карда буд, ки корхонањои истењсолї билохир худашон барои ба кор даъват намудани мутахасис-психолог ташаббус нишон медињанд. Њамчун намояндаи мактаби «муносибатњои инсонї» шўњрати бузургро ба даст овардааст. Ў яке аз асосгузорони сотсиогияи индустриалї ва психологияи иљтимої ба шумор меравад. Мэйо дар асарњои худ («Масъалањои инсонии тамаддуни индустриалї» (1933), «Масъалањои ичтимоии тамаддуни индустриалї» (1945), «Масъалањои сиёсии тамаддуни индустриалї» (1947)) ќайд кардааст, ки мењнат ѓайриинсонї гардида, ба одамон хушбахтї расониданро ќатъ кардааст. Мэйо ба омўзиши масъалаи самаранокии мањсули мењнат диќќати бештар додааст. Озмоишњои ў дар шањри Хоторн (наздикии Чикаго) дар ширкати «Вестерн Электрик Компани» аз соли 1927 то 1939 ба ў шўњрати љањонї овард. Натиљаи тањќиќот ба Мэйо имкон дод, ки хулосањои зеринро пешнињод намояд: 1. Одам – мављудияти иљтимої буда, ўро зарур аст, ки дар гурўњ кор кунад. Бе эњсоси маќсаду завќи умумї, бе сифати робитаи он, гурўњ вуљуд дошта наметавонад. 2. Њамаи аъзоёни гурўњ дар рафтори худ меъёрњои ахлоќиеро, ки дар гурўњ ќабул шудааст, риоя мекунанд. Коргарон бештар он ќарорњоеро ќабул ё мавриди амал ќарор медињанд, ки аъзоёни гурўњ ќабул кардаанд. 3. Новобаста аз имкониятњои љисмонї, меъёри кори коргар аз рўи меъёри кори гурўњї муайяан карда мешавад. 4. Роњбарони истењсолотро зарур аст, ки пеш аз њама нисбат ба мањсулот дар дараљаи муайян одамонро дар назар гиранд. Ў ду консепсияи назариявии идоракуниро тањия намудааст, ки якеро X (икс) ва дигареро У (игрик) номидааст. Худи муаллиф чунин мешуморад, ки ин назарияњо комилан аќидањои гуногунро доир ба табиати инсон инъикос менамоянд. Заминаи назарияи X, ки аз рўи он инсон њамчун омили истењсолот баромад мекунад аз њама гуна фардикунонї орї буда, ба ќавли муаллиф зинањои зеринро дар бар мегирад: 1. Одами оддї кор карданро дўст намедорад ва кўшиш мекунад, ки аз он гурезад, то он ваќте, ки ин ба ў муяссар мегардад; 2. Роњбариятро зарур аст, ки тањдид кунад ё љазоро кор фармояд, то ин ки ќисми зиёди кормандон вазифањои худро иљро намоянд; 3. Корманди ќаторї, чун ќоида пассив мебошад ва мехоњад, ки ўро идора кунанд; ў ба таваккал майл надорад, масъулиятро ба гардан гирифтан намехоњад; бехатарии худро аз њама боло мегузорад. Мутобиќ ба назарияи X Мак-Грегор чунин принсипњои мувофиќро тасвия медињад: 1. Бевосита ва берањмона роњбарї кардани ташкилот. 2. Марказонидани ваколатњои расмии ќонунї. 3. Иштироки њадди аќали кормандон дар раванди ќабули ќарорњо. Бо дарназардошти ин Мак-Грегор принсипњои назарияи У-ро низ номбар менамояд: 1. Роњбарии умумї ва озоди ташкилот. 2. Барњам додани марказияти ваколатњои расмї. 3. Камтар ба эътибор гирифтани маљбуркунї ва назорат; бештар эътибор додан ба фаъолнокии шахсї ва худназоратї. 4. Усули демократии роњбарї. 5. Иштироки бештари фаъолонаи кормандони ќаторї дар раванди ќабули ќарорњо. Низоми менељменти љопонї аз арзишњои иљтимої ва фарњангї, миллї асос ёфтааст. Менељерони љопонї арзишњои анъанавї ва урфу одатњои миллии худро инкишоф ва ба назар мегиранд. Мањз њамоњангсозии ба њисоб гирифтани методњои муосир, технологияи нав, доимо љорї кардани навгонињо, аз як тараф ва арзишњои анъанавї ва маданияти байнињамдигарї, аз тарафи дигар, ба љопонињо ёрї расонид, ки ба комёбињои назарраси иљтимої-иќтисодї ноил гарданд. Имрўзњо менељерони љопонї дар љањон бењтарин мутахассисони муносибатњои инсонї шуморида мешаванд. Онњо менталитети таърихан эљодгардидаи халќи љопон хусусиятњои миллї, мењнатдўстї, боинтизомї, корозмудагї, ёрии якдигарибайнињамдигариро истифода мебаранд. Дар характери миллии љопонї покизакорї, эњтиёткорї, боодобї, пайравї ба урфу одат, садоќат ба обурўй, майл ба азхудкунї, худидоракунї, майл ба амалњои гурўњии мутобиќшуда, донишдўстї, њиссиёти баланди эстетикї баръало намоён аст. Ба шумораи арзишњои муњими љомеаи љопонї дохил мешавад: уњдадорї (ќарз), њамкорї ва коллективизм. Дар фикри њар як љопонї мафњуми ќарзи фарзанди дар назди Ватан амиќ љой гирифтааст. Њам менељерон ва њам кормандон рушди иќтисодии мамлакатро ќарзи ватандўстии худ мешуморанд. Фарњанги Љопон аввал ба манфиати гурўњї ва баъд ба шахсї асос ёфтааст, бинобар ин, одамон бояд якљоя амал намуда, барои сарсабзу хуррам гардонидани мамлакати худ бо якдигар њамкорї намоянд. Олими амрикої И. Олстол панљ принсипи асосии љопониро пешнињод мекунад: Принсипи аввал: коргарон хело боаќланд, барои он ки мустаќилона мањсулнокї ва сифати мењнати худро меафзоянд. Бо ќавли менељерони љопонї, коргарон –ин одамони боистеъдодеанд, ки метавонанд барои баланд бардоштани мањсулнокї ва сифати мењнат пешнињодњо манзур намоянд. Љопонињо гумон доранд, ки њар як муњандис, њатто муњандиси соњибтаљриба низ оид ба раванди технологияи мазкур камтар медонад, нисбат ба оне, ки онро иљро мекунад. Бинобар ин, менељерони љопонї барои маслињат пурсидан аз зертобеони худ шарм намедоранд. Принсипи дуюм: корманд кўшиш менамояд, ки кори худро бењтар ба анљом расонад. Њар як коргар, исбот менамояд, ки бисёртар, сифатноктар ва мусаќилона кор карда метавонад, мукофот ва маоши калон мегирад. Њамин тавр менељерони љопонї пай дар пай такмилдињии дараљаи тахассусии коргарони худро амали мегардонанд. Агар коргар якчанд ихтисосњои техникиро аз худ карда бошад, пас он ќодир аст дар бригадаи дигар рафиќи худро иваз кунад. Барои татбиќи принсипи дуюм менељерони љопонї ду методи маъмуриро тањия намудаанд: 1. Мардикории якумра. Кори якумраро соњиб шуда, коргарон имкон пайдо мекунанд, ки дар бораи ояндаи худ ташвиш накашанд ва бисёр чизњоро, ки барои фоида гирифтани ширкат зарур аст, омўзанд. 2. Мукофонидани кормандон њангоми болоравии даромади ширкат. Принсипи сеюм: кормандон «оила» барпо мекунанд. Љопонињо чунин аќидаеро дастгирї менамоянд, ки иљорагир ва коргарони кироя умумияти ягонаи иљтимоиро ташкил медињанд. Њамаи аъзоёни ширкат уњдадорињои дутарафа доранд ва ќарзи худро дар љамъият иљро мекунанд. Маош бошад, танњо яке аз намудњои мукофот мебошад. Намуди дигар ќонеъ гардонидани талабот «эмэ» мебошад, яъне талабот дар ёрї расонидан ва ба гурўњ тааллуќ доштан мебошад. Агар менељери ширкат ба никоњ барояд, пас ў музди иловагї мегирад, барои он ки харољоти молиявии ў чун одами оиладор афзудааст. Ў њамчунин пас аз таваллуди њар як кўдак низ иловапулињо мегирад, њарчанд ки њаљми кор таѓйир намеёбад. Принсипи чорум: гурўњ аз шахси алоњида муњимтар аст. Ин принсип бар арзишњои анъанавии љопонњо асос ёфтааст: њељ кас њаќ надорад, ки худпарастї карда, танњо дар бораи худ фикр кунад. Гузаштан ба ширкати дигар, барои музди маоши баланд нишонаи носипосї мебошад. Љопонињо барои иљро намудани принсипи мазкур ду методи маъмуриро кашф намудаанд: 1. Болоравии мансабї ва музди маош аз собиќаи корї вобаста аст. Њар як љопонї аниќ медонад, ки бо болоравии синну солаш музди маошаш меафзояд. Ин таљриба эњтимолияти пайдо гардидани њасад ва раќобатро коњиш медињад. 2. Комёбии ширкат њамчун натиљаи саъю кўшиши гурўњ шуморида мешавад, на шахси алоњида. Принсипи панљум: њамраъи ва њамкорї дар муносибатњои истењсолї. Менељерони љопонї коргаронро шарикони фаъоли худ дар сайъ барои ноил гардидан ба комёбињои иќтисодї, ноил гардидан ба сифати баланд ва болоравии мањсулнокї мешуморанд. Онњо муътаќиданд, ки њар як коргар ба ширкат ва маќсадњои он хушбинанд. Зарурати њамкорї байни коргар ва роњбарият бо он шарњ дода мешаванд, ки истењсолот, мањз истењсолоте, ки экспорт мешавад на танњо ба ширкат, балки ба тамоми миллат фоида меорад. Комёбињои иќтисодї аз тарафи љопонињо њамчун имконияти ягона барои зинда мондани иттињод ва фарњанги онњо дар олами муосир фањмида мешавад. Зигмунд Фрейд (1856-1939) духтур-психиатри австриягї, асосгузори назарияи психоанализ; ба аќидаи ў њар як падидаи психикї сабабњои муайяни худро дорад ва рафтори одам аз бисёр љињат аз раванди бешуурона вобаста аст; рафтори одамро ду кўшиши инстинктивї муайян менамояд: саъю кўшиш ба њаёт (эрос) ва саъю кушиш ба марг (танатос), ки њар яке аз ин кўшишњо ќувваи бузургеро соњибанд; ќувваи эрос «либидо» («нафси шањвонї») номида мешавад, ќувваи танатос бошад «мортидо» («њован»); мањз њамин самту ќуввањо фаъолии шахсиятро муайян менамояд. назарияи асосии психоанализ афкори бешуурона мебошад, ки маќсади рафтори одамонро муайян менамояд; Фрейд ќайд менамояд, ки дар хоњишњои шањвонї, аз оне ки мо шарм медорем, аз оне ки мо бояд онро аз худ пинњон дорем, вале огањ нестем, ки он баъттар ба дараљаи бешуурона рафта мерасад; ин хоњишњо тањвил мегарданд, яъне ќувваи шањвонї ба эљодї табдил меёбанд; Фрейд чунин мешуморад, ки инкишофи тамадуни башарї мањз ба шарофати њамин раванд – татбиќи хоњишњои шањвонї дар дигар соњањои фаъолият ба вуљуд омадааст; сублиматсия - яке аз намудњои муњофизати шахсияти инсон аз кўшишњои инстинктивї ба вуљуд меояд, ки њам фаъолияти роњбар ва њам фаъолияти зердастро халалдор месозад; ба љои он ки вазифањои муњим њал карда шавад, ин муњофизатњо одамро аз њалли он дур мекунанд. проблемањои зиёде дар муоширати одамон дар раванди номусоидии иљтимоигарої ба вуљуд меояд, ки З.Фрейд онро, њамчун инкишофи шањвонї-психологї мефањмад; агар давраи муайяни инкишофи одам номусоид гузарад, он гоњ вай метавонад, одами калонсол бошад њам, дар њолатњои душвори њаётї, њамчун кўдак амал намояд; Фрейд чањор марњилаи иљтимоигароиро ќайд кардааст: дањонї (оральную), маъкадї (анальную), узвњои љинсии мардона (phallic) ва умуман узвњои љинсї – бештар занона (генитальную). дар ҳар як марҳила кўдак диќќати худро ба ќисмҳои ҷисми худ равона менамояд; се марҳилаи аввал дар вайроншавии ҳаёти психикии одамони калонсол метавонад нақши асосӣ бозад. проблемњо дар муносибат бо калонсолон дар давраи дањонї (аз рўзи таваллуд то 1,5 -2 солагї) ба вуљуд меояд, ки дар вазъияти душвор диќќат додан ба дањони худ ифода меёбад. Тамокукашї, алкоголизм, саќичхої, кўшиши «шифо бахшидани» стресс бо ягон чизи бомазза, бадзабонї, агрессия (зано-занї) – њамаи ин натиљаи давраи инкишофи оралиро бад гузаронидани кўдак мебошад. проблемаҳо дар муносибат бо калонсолон дар марҳилаи мақъадї (2-3 сола) пеш аз хама оддат кунонидани кўдак ба ќазои њољат тааллук дорад. агар калонсолон кўдакро барои беэҳтиётӣ ғайричашмдошт ҷазо дињанд, ва ё аз ҳад зиёд ба ин амал диққат диҳад, он гоњ вай метавонад характери «мақъадї»-ро ба вуљуд орад: аз будаш зиёд нишон додан, эҳтиёткорӣ, дақиқӣ ва расмиятпарасти. чунин шахс метавонад дар фаъолияти мехнатї зердаст ё мехмонро бо хурдагирињои худ шиканҷа дињад, ў на барои нигоҳ доштани ќоидаҳои мутлақ, балки барои мавќеи худро муайян кардан, чунин рафтор мекунад. Марњилаи сеюм (phallic - 4-5 сола) ба ташаккулёбии худро ҳамчун пешбарандаи нақши ҷинсӣ нишон додан, тавсиф дода мешавад. Агар дар ин љо «каљшавї (каљравї)» дар тарбия (ё хеле мулоим, занона - дар писарон ва ё аз ҳад зиёд даѓалона, мардона - дар духтарон) мушоњида гардад, он метавонад ба ном «комплексҳо» комплекси Эдип (комплекси Эдип – њамчун натиљаи дар кўдакони синни барваќт аз байн бурдани душмани дар муносибат бо падар мебошад) ва комплекси Электра (ёвар ва озодкунандаи бародараш Орест, ки барои ќасоси падарашро гирифтан (модар ва дўстошдаи ў Эгисфаро ба ќатл мерасонад), ки дар кушишҳои одамони калонсол барои ба души дигарон вогузор кардани проблемаҳои оилавии худ ифода меёбад. Бояд қайд кард, Фрейд, ки потологияи шахсиятро муфассал омӯхта, ба љои дигар гузаронидани хусусиятњои онро ба саломатии равонӣ одамон ѓайриќонунї мењисобид. Психологи барљастаи олмонї-амрикої К. Левин, ки ба тањќиќи назарияи шахсият машѓул гардида буд, назарияи услубњои идоракуниро коркард ва асоснок кардааст. Дар асоси маълумотњои озмоишӣ, ӯ се услуби идоракуниро муайян намудааст: - худкомї (авторитарї-директивї); - демократї (дастаљамъї); - бетарафї (сањлангорї). Ду роҳҳои қабули қарорҳои идоракунї демократї (дастаљамъї) ва худкомї (авторитарї-директивї) мављуд аст. Меъёри асосии фарќияти як услуби идоракунї аз дигараш, ин роњи пешгирифтаи роњбар доир ба њалли масъала мебошад. Муњаќќиќони амрикої чен кардани андозагирии њама гуна фаъолияти идоракуниро бо ду «ченак» пешнињод кардаанд – яке диќќат додан ба истењсолот ва дигаре ѓамхорї ба одамон (диќќат ба одамон). Диќќат додан ба истењсолот – ин муносибати роњбар ба доираи масъалањои васеи ба ќабули ќарорњои марбут ба самаранокї, интихоби кадрњо, ташкили одамон ва раванди истењсолї, њаљм ва сифати мањсулоти истењсол шаванда ва ѓайрањо. Ѓамхорї ба одамон ин таъмини иштироки шахсї дар раванди ба маќсадрасї, ёрирасонї ва худэњтиромкунї, инкишофи масъулият, ташкили шароити хуби мењнатї ва муносибатњои байнињамдигарии мусоид, фањмида мешавад. Нишондодњои баланд оид ба њар ду параметр нишонаи идоракунии самаранок мебошад. Тавассути истифода аз натиљаи тањќиќњои озмоишии мутахасисони амрикої дар самти менељмент, олими љопон Т. Коно назарияи идоракунии оќилонаро пешнињод намуд: а) навовари-аналитикї; б) нововари-беихтиёрона; в) кўњнапарастонаи - аналитикї; г) кўњнапарастонаи-беихтиёрона. Ба аќидаи Коно, мањз намуди идоракунии навоварї-аналитикї бештар самараноктар аст, зеро он ќодир аст дар шароити зидиятњои тезутунди бозоргонї пойдории ташкилиро таъмин менамояд. Он аз унсурњои зерини менељмент иборат аст: - садоќат нисбат ба муассиса (фирма); - фаъолї ва навоварї; - њассосї нисбат ба ахбор ва аќидањои нав; - ташаккули шумораи зиёди аќида ва навоварињо; - тез ќабул кардани карор; - интегратсияи хуби амалњои коллективона; - маќсад ва дастурдињии амиќу возењ; тайёр будан барои шунидани аќидањои дигарон; - пуртоќати ба нокомињо. Идоракунии шарикї намуди ба худ хоси роњбарї мебошад. Пањлўњои асосии онро номбар мекунем: а) машваратњои доимии роњбарон бо зердастон; б) ошкорої дар муносибат байни роњбарон ва зердастон; в) љалб кардани зердастон дар тањия ва ќабули ќарорњои ташкилї; г) намояндагии тобеон дар як ќатор ваколатњои роњбар; д) иштироки кормандони ќаторї дар банаќшагирї ва тадбиќи чорабинињои ташкилї; е) таъсиси микрогрупп бо њуќуќи мустаќилона дар самти тањия ва пешнињоди вариантњои њалли проблема. Ба зебогии зоњирии идоракунии шарикї нигоњ накарда, њаминро бояд ба назар гирифт, ки на њар як роњбар онро дар вазъиятњои гногун истифода бурда метавонад. Ин назария заминаҳои зеринро дар бар мегирад: 1. Услуби идоракуни ҳамеша бо самаранокии амалиёте, ки аз тарафи роҳбари коллектив идора карда мешавад, таносуб дорад. 2. Алоқа байни тарз (намуд)-и идоракунї ва самаранокї ба як қатор нишондиҳандаҳо (хусусиятҳои коллектив ва аъзои он, хусусиятњои њалли вазифаҳои љойдошта ва ғайрањо), ки онро характери эњтимолият медињанд, вобастагї доранд. Моҳияти модели эхтимолияти самаранокии идоракунӣ, ки аз тарафи коршиноси маъруфи амрикои Ф.Филлер дар соҳаи психологияи иҷтимоӣ ва идоракуни таҳия гардидааст, чунин аст: 1) Самаранокии идоракунї (новобаста аз тарз ва намуд) ба дараҷаи назорати роҳбар ба вазъият, ки дар он амал мекунад, инъикос меёбад. 2) Њар як вазъият метавонад ҳамчун маҷмӯи параметрҳои асосї пешнињод гарданд. Ин назария дар натиљаи мушоҳидаҳои чандинсолаи психологҳои амрикоӣ, ки кўшиши чи будани самаранокии идоракуниро нишон додан мехостанд, тавлид ёфтааст. Дар замони њозира шумораи зиёди мафњумњои лидерї мављуд аст. Вале назарияи П. Херси ва К. Бландэд классикї буда, бевосита ба фаъолияти идоракунӣ вобаста мебошад: 1. Лидерї воситаи ҳамкории байни роњбар ва коллектив мебошад. Вале шаклњои њамкории шахсият ва гурўњњо бенињоят зиёданд. Аммо на њар як аз он лидерї мебошад. Лидер њамон роњбар шуда метавонад, ки тарзи роњбарии ў бештар аз ҳама дар сатҳи зарурӣ (марҳилаи) инкишофи гурӯҳї мутобиќ аст. 2. Чањор дараљаи инкишофи гурўњ мављуд аст: Дараљаи А - гурўњ, ќобилият ва хоњиши кор кардан надорад. Дараљаи Б - гурўњ, таъсирпазир (ќисман мехоњанд), вале ќобилияти кор карданро надорад. Дараљаи В - гурўњ, ба кор қисман тайёр ва қодир аст. Дараљаи Г - гурўњ, ба кор пурра омода ва қодир аст. 3. Вобаста ба њар як сатҳи инкишоф (камолот), гурӯҳ ба тарзи роҳбарї мувофиқ мегардад. Ин тарз на танҳо барои идоракунии самаранок мувофиқ аст, балки барои рушди гурӯҳ, барои боз њам балантар баромадани вай замина муњаё мекунад. Умуман чањор сатњи асоси дар идоракунї мављуд аст: «Дастурдињї» - барои гурӯҳи сатҳи A. «Тақсимотї» (ё «оммавӣ») - барои гурӯҳи сатҳи B. «Иштирок дар идоракунї» - барои сатҳи гурӯҳи Б. «Ваколатдињї» - барои сатҳи гурӯҳи Г. Дастурдињї. Роњбар ба таври ќотеона ба зердастон дастур медињад ва иљроиши онро назорат мекунад. Дар натиља ин кор ба талабот љавобгў иљро карда намешавад ва касе ки ба он љавобгар аст њамчун намунаи ғайриқаноатбахш ишора карда мешавад. Лидер, хатогињоро ќайд карда, моњияти онро равшану возењ фањмонида, имконият барои бењтар гардидани корро нишон медињад. Фањмо баён кардан. Аз як тараф, лидер ташаббускор аст, њама ваќт ягон чизи навро дар дастурњои назоратиаш пешнињод менамояд ва худ фаъол аст. Аз тарафи дигар, ў кормандонро ба фаъолият оид ба муайян намудан ва муќарар кардани намудњои кор љалб менамояд. Чунин лидер бо зердастон мутобиќати корњои анљомдодашударо муњокима карда, дар онњо њиссиёти ифтихор доштан нисбат ба натиљаи кори худро ташаккул медињад. Иштирок дар идоракунї. Лидер диќќатро барои бењтар намудани њолати ахлоќии гурўњ равона мекунад. Ў дастурдињї ва назоратро камтар карда, онро ба омўзиши зердастон барои мустаќилона амал карда тавонистан, мустаќилона проблемањоро њал карда тавонистан, иваз менамояд. Шумораи фармонњо њамчу шакли роњбарї аќал буда, роњбар ба фаъолияти зердастон ва ќабул кардани ќарор танњо дар мавридњои махсус дахолат менамояд. Ў масъулиятшиносї ва ташабускориро њавасманд менамояд. Додани ваколат. Лидер ба сифати охирин захираи эњтиётї баромад намуда, ќисми калони корро ба зиммаи аъзоёни алоњидаи гурўњ мегузорад. Назорати њамарўза аз тарафи худи аъзоёни гурўњ гузаронида мешавад. Роњбар бояд ба саволњои зерин љавоб гуфта тавонад: а) Гурўњ дар кадом дараља меистад? б) Кадом тарзи роњбариро истифода мебарад? Агар ў ба ин саволњо љавоби дуруст гардонад, он гоњ ў метавонад лидери гўрўњ шавад. БА ДИЌЌАТАТОН ТАШАККУР!